Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагии шиноварон барои мусобиқаҳои минтақавӣ

016

Аз моҳи октябри соли 2017 инҷониб, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳайси Президенти Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, баҳри рушди ин намуди варзиши олимпӣ саҳм мегузорад. Роҳбарияти Федератсия барои дарёфти варзишгарони бомаҳорат ва бомуваффақият гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ омодагии ҳамаҷониба дида, шароити зарурии машқу тамринро ба варзишгарон фароҳам месозад, то ин ки варзиши шиноварӣ дар кишвари мо рушд намояд.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои солонаи Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали машқҳои омодагии тими яккачини кишвар оид ба шиноварӣ дар ҳавзи шиноварии осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон баргузор шуда истодааст.
Айни замон дар ин машқҳои таълимӣ 14 нафар шиноварони беҳтарини кишвар фаро гирифта шуда, шароити мусоид барои баланд бардоштани маҳорати варзишгарон муҳайё гардида, ба онҳо мураббиёни пуртаҷриба ҳамарӯза тибқи нақша тамрин медиҳанд. Дар баробари машқу тамрин аз рӯи барнома, реҷаи инфиродии табобату солимгардонӣ амал мекунад, ки варзишгарон оиди он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

017

Ба иттилои масъулин тасмим аст, марҳилаи дуюми машқҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон ё дар Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил шавад. Ҳамаи ин омодагиҳо ба хотири иштироки бомуваффақона дар чемпионати Осиё мебошад.
Тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди машқҳои таълимӣ дар бозиҳои қуръаи Осиё, ки дар шаҳри Ҷакартаи давлати Индонезия охири моҳи август ва аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, иштирок намуда, кишвари моро муаррифӣ менамояд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика