Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қуръапартоӣ пеш аз оғози мусобиқаҳо

239

Мутобиқи нақша-чорабиниҳои оммавию варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2018, аз 27-уми январ то 28-уми феврали соли равон дар ВКД байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхона ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли 2018 ҳамчун "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" мусобиқаҳои футболи хурд, шиноварӣ, гӯштини тарзи самбо, шашка ва шоҳмот барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" доир мегарданд.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи футболи хурд мутобиқи қоидаҳои байналмилалии ФИФА дар байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2005, ҷавонони аз 22-сола боло, собиқадорони аз 40-сола боло ва байни бонувон гузаронида мешавад.
Мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба шиноварӣ бошад, мутобиқи қоидаҳои байналмилалии "ФИНА" ва Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мусобиқа дар масофаҳои 50-метраи тарзи озод, брасс, пуштнокӣ ва 100-метраи тарзи пуштнокӣ ва озод доир карда мешавад. Дар мусобиқаи гӯштини тарзи самбо вазнҳо бо категорияҳои то 68 кг, 74 кг, 82 кг, 90 кг ва аз 90 кг боло тақсимбандӣ карда мешаванд.
Мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставии шашка ва шоҳмот низ мутобиқи қоидаҳои байналмилалии ФИДЕ баргузор гардида, мувофиқ ба талаботи ҳамин созмон муайян карда мешавад.

240

Зимни қуръапартоӣ мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба варзиш ва тайёрии ҳарбӣ Ориф Ҷӯраев мақсад аз гузаронидани мусобиқаҳоро шарҳ дода, ба иштирокчиёну бозингарон барору муваффақият орзу намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки мақсади асосии чорабинии мазкур рушду тарғиби варзиш дар байни сохторҳои мухталифи мамлакат, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷисмонӣ ва муайян намудани ғолибони мусобиқа, оммавигардонии варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, такмили минбаъдаи тайёрии ҷисмонӣ ва ҷалби кормандон ба машғулиятҳои варзишӣ мебошад.
Наврӯз ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика