Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 90-солагии ташкилоти ҳаракати динамочиёни Ҷумҳурии Қирғизистон

2014

Рӯзҳои 20-22-юми декабри соли 2017, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» ва ҳамзамон таҷлили 90-солагии ташкилоти ҳаракати динамочиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек доир гардид, ки дар кори он муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён А.Н. иширок намуд.

Нахуст, рӯзи 20-уми декабри соли равон вохӯрии иштирокчиёни Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда миёни ҷамъиятҳои «Динамо»-и кишварҳои аъзо баррасӣ гардиданд.
Рӯзи дигар, яъне 21-уми декабр, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» доир гардид, ки дар он намояндагони 10 давлати аъзои Шӯрои мазкур ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа мавзӯъҳои таҳия ва амалисозии нақшаи умумии Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» барои соли 2018, интихоби раиси Шӯро ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа полковники милитсия Боровский Андрей Леонидович расман раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» интихоб гардид, ки қаблан муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои мазкур буд.

2015

Аз ҷониби ШҶ «Динамо»-и ВКД Тоҷикистон барои соли 2018 баргузории мусобиқаҳои варзишии «гӯштини юнону румӣ» байни наврасон дар моҳи май дар шаҳри Душанбе ва «шиноварӣ» дар моҳи июл дар вилояти Суғд пешниҳод карда шуданд.
Рӯзи 22-юми декабр, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» дар маросими тантанавии таҷлили 90-солагии ташкилоти ҳаракати динамочиёни Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Зимни чорабинии мазкур ба ҷониби ҷашндорон, яъне ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳаракати динамочиёни он аз номи Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, баромади табрикотӣ хонда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби ВКД Қирғизистон, инчунин дигар намояндагони Шӯро аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус ва Муғулистон ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланд доир гардида, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар самти варзиш изҳори омодагӣ намуданд.
Мавриди қайд аст, ки дар соли 2017 аз ҷониби Шӯрои ҷумуриявии «Динамо» мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ 5-спартакиада, иборат аз 14 намуди варзиш байни наврасон, ҷавонон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ, 37 мусобиқа байни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ ва 102 бозии рафиқона оид ба «футболи хурд» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, 3 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба;
- гӯштини тарзи «Юнону-румӣ» миёни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан»;
-гӯштини миллӣ дар шаҳри Исфара;
-муҳорибаҳои тан ба тан дар шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуданд.
Дастпарварон ва аъзоёни дастаи «Динамо» дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 36-медали тилло, 18-медали нуқра ва 39-медали биринҷӣ гардида, дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби 220-медали тилло, 156-медали нуқра ва 151-медали биринҷӣ гардиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика