Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми намоёни таэквандочии наврас

 

Чанде пеш, аз 29-уми ноябр то 4-уми декабри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларусия Ҷоми ҷаҳон оид ба таэквандо ИТФ доир гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони 71 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Таэквандочиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» низ иштирокчии ин сабқат буданд.

Динамочӣ Бежан Аминҷонов, соли таваллудаш 2006 дар байни наврасони 11-13-сола мақоми сеюмро соҳиб гардида, соҳиби Ифтихорнома ва медали биринҷӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Бежан хонандаи синфи 5-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанбе буда, дар баробари хониши хубу аъло, пайваста ба машқу тамрин машғул гардида, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мақомҳои ифтихориро соҳиб мегардад.
Ин варзишгари навраси умедбахш, фарзанди корманди мақомоти корҳои дохилӣ - муовини сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс полковники милитсия Бахтиёр Аминҷонов ва аъзои фаъоли ШҶ «Динамо» мебошад.
Н. ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика