Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Музаффариятҳои динамочиён дар «Соли ҷавонон»

Ҷавонону наврасони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД соли 2017-ро, ки «Соли ҷавонон» эълон гардидааст, бо муваффақият ва натиҷаҳои назаррас гузарониданд. Иштирок дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, ба даст овардани музаффариятҳои навбатӣ ва ба ин васила, муаррифии бештари давлату миллат дар хориҷи кишвар гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Шогирдони мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Иззат Худоиев низ дар ин сол фаъолтар буданд ва талош менамуданд, то бо тамрини бештар ва аз худ намудани тарзу усулҳои нав, маҳорати варзишии худро сайқал дода, номбардори Тоҷикистони азиз бошанд.
Рўзҳои 14-15-уми декабр дар муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2005 оид ба гӯштини дэюдо мусобиқа доир гардид.
Дар он динамочиён - Аҳлиддин Мақсудов дар вазни 55 кг ва Азиз Акобиров дар вазни 46 кг мақоми аввалро сазовор гаштанд. Ҳайдар Ҳасанов бошад, дар ин мусобиқа дар вазни 38 кг ҷойи дуюмро ба даст овард.
Инчунин, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасони ҳамин синну сол, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 38 кг ҷойи якумро ба даст овард.
Ҳамзамон, шогирди дигари Иззат Худоиев - Эмомалӣ Сафаров дар мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки дар шаҳри Душанбе байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум доир гардид, дар вазни 90 кг ҷойи якумро сазовор гардид.
Н. ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика