Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муваффақияти динамочиён дар мусобиқаи навбатӣ

Аз санаи 8-ум то 10-уми декабр дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба санъати муҳорибаи омехта ММА баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 21 даста дар ҳайати 300 варзишгари 11-18-сола аз саросари кишвар ширкат варзиданд. Варзишгарон аз маҷмааҳои варзишии "Динамо"-и ВКД, "Деҳқонбача", "Спарта", "Истиқлол", шаҳрҳои Ваҳдат, Норак, Кӯлоб ва дигар маҷмааҳои варзишӣ ширкат намуданд.

Варзишгарони "Динамо" аз худ маҳорати олии варзишӣ нишон дода, дар ин мусобиқа ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ва намоён сазовор гардиданд. Аз ҷумла, Шукрулло Файзуллоев дар вазни 54 кг ва Абдураҳмонов Эраҷ дар вазни 71 кг ба гирифтани ҷойи аввал сазовор шуданд. Дар вазни 30 кг Манучеҳри Аҳмадзод ба гирифтани ҷойи дуюм, Саидбек Саидов дар вазни 50 кг ва Муҳаммад Алиев дар вазни 77 кг ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Дар охир ғолибон бо медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика