Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии Фирӯз дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнону румӣ

Аз 4-ум то 7-уми декабри соли 2017, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнону румӣ доир гардид, ки дар он аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Фирӯз Мирзораҷабов фаъолона иштирок намуд.

Фирӯз бо ҳарифони худ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар вазни 51 килограмм қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ба ин муносибат муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ин варзишгари ҷавону умедбахшро ба ҳузур пазируфта, ӯро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ноил гардидан ба дастовардҳои варзишӣ ва медали тилло табрику таҳният гуфт.
Мавриди қайд аст, ки Фирӯз Мирзораҷабов хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-и шаҳри Душанбе буда, аз соли 2012 инҷониб дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти ҳидояти мураббӣ Субҳон Абдукаримов машқу тамрин менамояд.
Айни замон, Фирӯз барои иштирок дар Чемпионати Осиё, ки моҳи майи соли 2018 дар назар аст, омодагӣ гирифта, барои ишғол намудани ҷойи намоён дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш намуда истодааст.
Итминон дорем, ки Фирӯз Мирзораҷабов бо ба даст овардани ғолибият минбаъд низ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика