Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи «Футболи хурд» бахшида ба ёдбуди футболбози шинохта Александр Кирсанов

Рӯзи 6-уми декабри соли равон, дар маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи «Футболи хурд» бахшида ба ёдбуди футболбози шинохта Александр Кирсанов оғоз гардида, то санаи 28-уми декабр идома хоҳад ёфт.

Санаи 6-уми декабр дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи «Иттиҳод» вохӯрӣ доир намуд, ки вохӯрии мазкур бар ҳисоби 9:1 ба фоидаи дастаи «Динамо» анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, рӯзи 8-уми декабри соли 2017, дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи «Рӯдакӣ-Травер» вохӯрӣ намуда, бозӣ бар ҳисоби 9:3 ба фоидаи дастаи «Динамо» анҷом пазируфт.
Айни ҳол мусобиқа дар толори маҷмааи варзишии «Динамо» ва муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин (манеж) идома дорад.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика