Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқа оид ба гуштини Грэпплинг байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон

Рӯзи 25-уми ноябри соли 2017, бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо «Федератсияи грэпплинги касбӣ ва варзишии Грэпплинги (АДСС)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гуштини Грэпплинг байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар толори маҷмааи варзишии «Динамо» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа зиёда аз 10 даста, аз ҷумлаи дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар ва мухлисони сершумори ин навъи варзиш ширкат варзиданд.
Варзишгарони «Динамо» Абдуназаров Шоҳимард дар вазни 70 кг ҷои аввал, Алимардонов Собир дар вазни 50 кг, Манучеҳри Аҳмадзод дар вазни 32 кг ҷойи аввал, Муҳаммади Залон дар вазни 45 кг ҷойи аввал, Раҳимов Раҳим дар вазни 60 кг дар байни наврасон ҷои дуюм, Раҳмонов Эраҷ дар вазни 60 кг ҷои дуюм, Сафаров Ёқуб дар вазни 46 кг ҷойи дуюм ва Азамати Раҷабалӣ дар вазни 65 кг ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медалу Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика