Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи гуштини миллӣ байни наврасон дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзҳои 11-12-уми ноябри соли 2017 мусобиқаи гуштини миллӣ байни наврасони синну соли 2002 ва 2004 бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Соли ҷавонон» дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Аз он ҷумла, Паҳлавонов Ҳабибулло дар вазни 75 кг соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ҳамин тариқ Ҳалимзода Субҳиддин дар вазни 60 кг ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Варзишгари дигари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Ҷафарзода Абубакр дар вазни 46 кг бар ҳарифони худ ғолиб омада, ҷойи сеюмро соҳиб гардид.
Баъди қувваозмоиҳои зиёд Икромҷони Изатулло дар вазни 60 кг рақибони худро шикаст дода, ҷойи аввалро ишғол намуда, медали тиллоро ба даст овард.
Мавриди қайд аст, ки аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ иштирок намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика