Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи варзишгарон дар Бозиҳои ҷаҳонии Полис

Дастаи варзишгарони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Шӯрои Варзиши Полиси Осиё дар 2-юмин Бозиҳои ҷаҳонии Полис, ки аз 3-юм то 10-уми ноябри соли 2017 дар шаҳри Абу-дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. 

Дар ҷараёни мусобиқаи мазкур, дар баробари намояндагони 46 давлат варзишгарони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ аз намудҳои шиноварӣ иборат аз 4 нафар мард ва 3 нафар зан, дзю-до - 4 нафар мард ва 1 нафар зан, ҷуи-ҷитсу – 4 нафар мард ва тирпарронии амалӣ – 2 нафар мард ва 1 нафар зан ширкат варзиданд.

Рӯзи 3-юми ноябри соли 2017, таҳти садои оркестри нафасӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Полиси Аморати Муттаҳидаи Араб аз ҷониби роҳбари дастаи ВКД подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ Парчами миллии Тоҷикистон афрохта шуд.
Баъди машварати қабл аз мусобиқаҳо ва баррасии ҷузъиёти он сабқати варзишгарон доир гардид.
Дар намуди тирпарронии амалӣ варзишгарони ВКД дар 12 намуди тирпарронӣ, ки ҳар як намуди он алоҳида ва махсусгардонидашуда буд, аз қабили бо вақт анҷом додани тирпарронӣ, миқдори холҳо аз нишони дуруст задан, аз болои мототсикл ва аз дохили автомашина нишон гирифтани ҳадаф, нишон гирифтани ҳадафи ҳаракаткунанда, озод намудани гаравгонгирифташудагон ва нобуд кардани ҷинояткорон, гузаштани монеаҳо, дар алоҳидагӣ паррондан бо дасти чап ва бо дасти рост ва ғайра маҳорати худро нишон доданд.
Дар мусобиқаи шиноварӣ, варзишгарон аз намудҳои тарзи озод, баттерфлай, брасс, пуштнокӣ ба масофаҳои 50 метр ва эстафета ҳунари худро нишон доданд. Варзишгар Климык Карина, дар намуди брасс ба даври ниҳоӣ бо натиҷаи 00.39,18 баромада, миёни 8 нафар ҷойи 6-умро ишғол намуд.
Дар мусобиқаи гӯштини дзю-до варзишгарони тоҷик дар 4 намуди вазн ҳунарнамоии нисбатан хуб нишон дода, варзишгар Халилов Ҷамшед дар вазни 60 килограмм мақоми сеюмро ишғол кард. Халилов Ҷамшед, варзишгарони кишварҳои Эквадор ва Ироқро шикаст дода, аз варзишгари Алҷазоир дар даври ниҳоӣ мағлуб гашта ҷойи сеюмро дар вазни худ ба даст овард.
Варзишгар Алишер Аламов дар вазни 73 кило нахуст намоянда аз давлати Австрияро мағлуб сохта, дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Белорус шикаст хӯрд.
Бояд қайд намуд, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи Вазорати корҳои дохилӣ маротибаи аввал дар чунин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии байни кормандони политсия иштирок намуд.
Бояд тазаккур дод, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шарту шароити мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ миёни кормандони политсия аз наздик шинос гардида, таҷрибаи нав пайдо намуданд.
Итминони комил дорем, дастаи варзишгарони Вазорати корҳои дохилӣ минбаъд бо омодагии хуб дар мусобиқаи навбатии Бозиҳои ҷаҳонии Полис, ки соли 2019 дар шаҳри Милани Италия ба нақша гирифта шудааст, фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас Ватани азизамонро муаррифӣ хоҳанд кард.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика