Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУСОБИҚАИ ИДОНА МИЁНИ ШИНОВАРОН

Рӯзи 4-уми ноябр дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД бахшида ба «Рӯзи Президент» мусобиқаи шиноварӣ дар байни наврасону ҷавонони солҳои таваллудашон 2000-2007 доир гардид, ки дар он беш аз 50 варзишгари наврасу ҷавон иштирок намуданд.

Шиноварон аз рӯйи 3 намуди шиноварӣ: тарзи озод, пуштнокӣ ва брасс бо ҳам рақобат намуданд.
Ҳамин тавр, миёни наврасон дар тарзи озоди 100-метра ҷойи аввал насиби Саддами Рамзиёр ва ҷойи дуюм ба Азамат Тӯйчиев ва ҷойи сеюм ба Камолиддин Шукруллоев насиб гардид.
Дар тарзи озод, ки 50 метрро ташкил медод, зинаи аввал боз ҳам насиби Саддами Рамзиёр ва зинаи дуюми мусобиқаро Нушервони Фарҳод соҳиб гардида, зинаи сеюмро Азамат Тӯйчиев сазовор шуд.
Дар тарзи 50 метра, ки аз намуди пуштнокӣ баргузор гардид, ҷойи аввалро Масрури Илҳом соҳиб гардида, ҷойи дуюмро Абубакр Мираков ва ҷойи сеюмро Пӯлод Додалиев ба даст оварданд.
Дар давоми баргузории мусобиқаи шиноварӣ миёни ҷавонон низ ғолибон муайян гардиданд.
Дар ҷойи аввал аз намуди тарзи озод ва пуштнокӣ дар масофаҳои 50 ва 100-метра ҷойи аввалро Алиҷон Хайруллоев, ҷойи дуюмро Ардашер Гадоев ва зинаи сеюмро Мансур Исмоилов сазовор гардиданд.
Дар 50 метр тарзи бросс бошад, ҷойи аввалро Сомон Давлатов, ҷойи дуюмро Мансур Исмоилов ва ҷойи сеюмро Абубакр Миралиев соҳиб шуданд.

Дар охир ба ғолибон медал ва Ифтихорнома супорида шуд.
Барои дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми арзанда дар баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди шиноварӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» Аҳмадҷон Умаров ва Алиаҳмадзода Алисомон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Н. ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика