Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи футболи хурд муайян гардиданд

Имрӯз (28.10.с.2017), дар варзишгоҳи Спитамени Вазорати корҳои дохилӣ даври ниҳоии мусобиқаи даставӣ оид ба «Футболи хурд» миёни Сарраёсат, Раёсатҳо, Шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон ҳимоятгари арзишҳои миллӣ» ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Академияи ВКД бо дастаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ) рақобат намуда, дар натиҷа ғолиби мусобиқа РМЗҶМ гардид.
Ҳамин тариқ маросими пӯшидашавии мусобиқа доир гардида, ғолибон муайян гардиданд. Дар мусобиқаи футболи хурд, ҷойи аввал насиби дастаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дониста шуда, ҷойи дуюм ба дастаи Академияи ВКД ва зинаи сеюмро дастаи Воҳиди махсуси ВКД соҳиб гардиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ин мусобиқаи доиргардида 37 даста бо ҳам рақобат намуда, миёни ин дастаҳо ғолибон ва бозингарони беҳтарин муайян карда шуданд:
- довари беҳтарин Олим Норбоев;
- нишонзани беҳтарин Наврӯз Толибов аз дастаи Академияи ВКД;
- дарвозабони беҳтарин Мирзо Абдулоев аз ҳамин даста;
- муҳофизатгари беҳтарин Амирулло Эшонзода аз дастаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД;
- ҳамлагари беҳтарин Ҳусейн Тоирзода аз Воҳиди махсус;
- бозингари беҳтарин Сафаров Фарух аз РМЗҶМ.

Ба ғолибон Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика