Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД Хатлон: Ҷамъбасти мусобиқаҳо бахшида ба «Соли ҷавонон»

Варзиш - гарави саломатӣ буда, дар баробари ба инсон нерӯ бахшидан, инчунин заминаи мусоиде барои дӯстиву рафоқат муҳайё месозад.
Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.
Рӯзи 19-уми октябри соли 2017, дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон маросими ҷамъбаст ва тӯҳфасупорӣ барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ аз намуди «Футболи хурд», «Волейбол», «Варзиши сабук», бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 бо иштироки муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло, сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ подполковники милитсия Муҳаммадназарзода Холназар ва сардори Шуъбаи тайёрии ҷисмонӣ ва корҳои таълимӣ-оммавии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Султонов Алиҷон ва ҳайати шахсии Раёсат баргузор гардид.

Мусобиқа байни дастаҳои Раёсати Вазорати корхои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва дигар дастаҳои сохторҳои қудратӣ ва идораю муассисаҳо дар вилояти Хатлон, дар се намуди варзиш гузаронида шуд.
Дар бозии «Футболи хурд» дастаи дастгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон маҳорати хуби варзиши нишон дода, соҳиби ҷои аввал гардида, дастаҳои Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳри Сарбанд сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гаштанд.
Дар бозии «Волейбол» ҷой аввал насиби дастаи Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон ва ҷойҳои дуюму сеюм насиби бозингарони дастаҳои ШВКД дар ноҳияи Ёвон ва ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз гардид.
Дар намуди варзиши сабук ҷои аввал ба дастаи дастгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон, ҷой дуюм ба дастаи ШВКД дар ноҳияи Ҷайхун, ҷойҳои сеюм насиби дастаҳои ДТММ РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар ноҳияи Панҷ гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалҳои варзишӣ, диплому Ифтихорномаҳои РВКД дар вилояти Хатлон ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон Сипосномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба роҳбарони мақомотҳо ва сохторҳои қудратӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ супорида шуд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика