Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд дар вилояти Хатлон идома дорад

Дар ҳама давру замон варзиш бо намудҳои мухталифаш маълум буда, тарафдорони худро дошт. Варзиш аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки ҳаёту рӯзгори мардумро пуробуранг мегардонад
Бо мақасди баланд бардоштани сатҳи таёрии ҷисмонӣ, такмил додани сифатҳои ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалб намудани кормандон ба намудҳои варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусобиқаи «Футболи хурд» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии вилояти Хатлон бахшида ба "Соли ҷавонон", таҳти шиори "Ҷавонон - ояндаи давлату миллат» роҳандозӣ гардид.

Мусобиқаи мазкур аз аз санаи 17 сентябр оғоз гардида, то 14-октябри соли равон идома меёбад.
Айни замон дар мусобиқа зиёда аз 22-даста ширкат варзида, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён байни ҳам қувваозмоӣ намуда истодаанд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика