Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибият насиби волейболбозони ВКД гардид

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба рушди соҳаи варзиш, хусусан баргузории бозиҳои футболу волейбол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, мақомоти корҳои дохилӣ ташаббускори доирнамоии акарияти мусобиқаҳо мебошад.
Танҳо дар муддати сипаришудаи соли равон бо иқдоми ВКД дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чандин мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид, ки дар мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат ва ҳамбастагию ҳамдилии ҷавонон нақши назаррас гузоштанд.

Имрӯзҳо низ дар ВКД миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз намудҳои волейбол, дастхобонӣ, бандкашӣ, варзиши сабук, гӯштини тарзи дзю-до, шиноварӣ, тенниси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот бахшида ба «Соли ҷавонон», таҳти шиори «Ҷавонон - ояндаи давлату миллат» баргузор гардида истодааст, ки аз фароҳам будани имконияту шароити хуби варзишӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкориву ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳо гувоҳӣ медиҳад.

Рӯзи 2-юми октябр дар толори «Динамо»-и ВКД мусобиқаи варзишии волейбол ҷамъбаст гардид.
Мусобиқаи мазкур аз 22-юми сентябр оғоз гардида, дар он 12 даста бо ҳам сабқат намуданд.
Ҳамин тариқ, ғолибони мусобиқа муайян гардида, ҷойи аввалро дастаи волейболбозони Вазорати корҳои дохилӣ ишғол намуда, ҷойи дуюм насиби дастаи Вазорати мудофиа гардид. Зинаи сеюми мусобиқаро намояндагони дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соҳиб гаштанд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Н.ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика