Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии варзишӣ дар вилояти Суғд

 

Варзиш дар ҳама давру замон ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим дониста шудаст.
Бахшида ба «Соли ҷавонон» Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ҷузъу томҳои ХДО вилояти Суғдро доир намуд.
Дар мусобиқа 14 дастаи қисмҳои мустақили ХДО-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд. Бо садо додани Суруди миллӣ варзишгарон ба толор ворид гардида, чорабинии варзиширо мовини сардори Раёсати хадамоти давлати оташнишонии вилояти Суғд полковники хизмати дохилӣ Қаҳорзода Ф. бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.
Зикр гардид, ки дар баробари пешбурди самти фаъолият ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, ҷузъу томҳои МКД бо толору майдончаҳои варзишӣ таъмин гаштаанд, ки ҳайати шахсӣ метавонад дар тамоми фасли сол дар онҳо ба тамрин машғул шаванд.
Дар натиҷа ҷойи 1-ум ба Қисми Мустақили 11-уми ҳарбикунонидаи хадамоти давлати оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Истиқлол ва ҷойи 2-юм ба Қисми Мустақили 35-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷ.Расулов насиб гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Набиҷонзода С., муҳандиси калони РХДО вилояти Суғд




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика