Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷӯҳи роҳбарияти Академияи ВКД ба варзишгарон

Имрӯз (02.10.2017 с.) дар ҷамъомади пагоҳирӯзии Академияи ВКД, муовини аввали сардори ин муассисаи олии касбӣ генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким баромад намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо дар сартосари ҷумҳурӣ ва берун аз он мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардида истодаанд ва дар онҳо варзишгарони Академияи ВКД низ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

- Боиси хушҳолии мо, омӯзгорон ва курсантон аст, ки курсанти курси 1-уми факултети рақами 2-и Академияи ВКД Миҷгона Самадова, ки аз санаи 17 то 25-уми сентябри соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ширкат варзид, дар вазни 60 кг аз намуди кикбоксинг ба гирифтани ҷойи аввал ва медали тиллои ин мусобиқа сазовор гардид, - афзуд Ҷ. Кабирзода.

Барои ин муваффақият, аз номи ҳайати шахсии Академияи ВКД ба Миҷгона Самадова туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Инчунин, варзишгарони Академияи ВКД, ки дар мусобиқаҳои кушоди варзишӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба "Соли ҷавонон", таҳти шиори "Ҷавонон - ояндаи давлату миллат" сазовори ҷойҳои намоён ва соҳиби медалу ифтихорномаҳо гардиданд, аз ҷониби роҳбарияти Академия бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика