Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи дастхобонӣ

27-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Спитамени Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ мусобиқа аз намуди «Дастхобонӣ» доир карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 11 даста дар ҳайати 90 варзишгар иштирок карда, дар вазнҳои гуногун бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мақсад аз доир намудани мусобиқа беҳтар намудани саломатӣ ва хубтар ба роҳ мондани маҳорати касбии варзишӣ мебошад.
Дар мусобиқаи дастхобонӣ дастаҳо аз руйи қоидаҳои қабулшудаи байналмилалӣ бо системаи олимпӣ гузаронида шуд.

Миёни дастаҳои ширкат варзида: ҷойи аввал насиби дастаи Вазорати корҳои дохилӣ гардида, ҷойи дуюми мусобиқа ба дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ насиб шуд ва зинаи сеюмро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол кард.
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика