Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи тениси рӯи миз бахшида ба «Соли ҷавонон»

Санаи 29-уми сентябри соли равон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Тениси рӯи миз» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд» баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 16 даста бо иштироки 60 варзишгар байни ҳам қувваозмоӣ намуда, маҳорати варзишии худро нишон доданд.
Дар мусобиқаи доиргардида, ҷойи аввал ба дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва зинаи сеюм ба дастаи тенисбозони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиб гардид.

Ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика