Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи футболи хурд дар минтақаи Рашт

Имрӯз (26.09.с.2017), бо иқдоми роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, зери шиори «Ҷавонон – ояндаи давлату миллатанд» чорабинии варзишӣ дар намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии минтақаи Рашт оғоз гардид.
Чорабинии мазкурро роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт оғоз намуда, дар он 10 даста байни ҳам рақобат хоҳанд намуд.

Аз он ҷумла, дастаҳои РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Гвардияи миллӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Хадамоти оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа дар мусобиқаи футболи хурд фаъолона ширкат варзида, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён қувваозмоӣ менамоянд .
Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, зери шиори «Ҷавонон – ояндаи давлату миллатанд» то рӯзи 7-уми октябри соли равон идома меёбад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика