Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи бандкашӣ бахшида ба «Соли ҷавонон»

24-25-уми сентябри соли равон, мусобикаи варзишӣ аз намуди бандкашӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлати бахшида ба «Соли ҷавонон», таҳти шиори «Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд» бо теъдоди 15 даста ва 126 варзишгар дар варзишгоҳи «Спитамен» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа беҳтар намудани саломатӣ, хубтар намудани маҳорати касбии варзишӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иборат буд.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи қоидаҳои қабулшудаи анъанаҳои миллӣ бо системаи олимпӣ дар даста гузаронида шуд, ки даста аз 8 нафар иборат буд.

Дастаҳо бо усули холгузорӣ баҳо дода шуданд. Ҳамин тариқ ҷои аввал насиби дастаи КДАМ, ҷои дуюм насиби дастаи ВКД ва ҷои сеюм насиби дастаи Гвардияи миллӣ гардид.
Ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, Ифтихорнома, медал, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика