Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзиши сабук таҳти шиори «Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд»

Аз 22-юм то 23-юми сентябри соли 2017, мусобиқаи варзиши сабук байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд», бо теъоди 8 даста, 130 варзишгар ва мухлисони сершумори ин навъи варзиш дар варзишгоҳи «Спитамен» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхона ва идораҳои давлатӣ, устувор намудани дӯстию робитаҳои варзишӣ, дар байни варзишгарон тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, тавассути варзиш дар ҷомеа аз байни ҷавонон дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ иборат буд.
Дар натиҷа аз намуди даставӣ ҷои аввал ба Вазорати корҳои дохилӣ, ҷои дуюм ба КДАМ ва ҷои сеюм ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиб гардид.
Ғолибон аз ҷоизадорон бо Ҷом, Ифтихорнома, медал, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика