Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи «Футболи хурд» дар вилояти Хатлон

Бахшида ба таҷлили 20-солагии «Ваҳдати миллӣ» дар байни кормандони мақомотҳои корҳои дохилии вилояти Хатлон даври ниҳоии мусобиқаи «Футболи хурд» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи «Футболи хурд» баланд бардоштани тайёрии ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим, обутоби бадан ва ҷалб намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба намудҳои варзиш буда, мусобиқаи мазкур аз 8-ум то 22-юми майи соли равон бо иштироки зиёда аз 20 даста идома ёфт.
Ба даври нимниҳоӣ 4 даста роҳ ёфта, бо ҳам барои ба даст овардани ғолибият рақобат намуданд.
Мусобиқаи байни дастаҳо ҷамъбаст гардида, дастаи футболбозони Хадамоти муҳофизаи вилояти Хатлон сазовори мақоми аввал ва соҳиби Ҷому Ифтихорномаҳои Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гардиданд.
Ҷои дуюм насиби бозингарони дастаи қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ва ҷой сеюм насиби футболбозони дастаи ШВКД дар шаҳри Сарбанд гардида, ба онҳо низ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Доварон ва нишонзанҳои беҳтарин бо Ифтихорномаҳои РВКД дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуда, иштирокчиёни фаъоли мусобиқа - дастаҳои футболбозони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Офоқ Қодириён 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика