Аз 19-ум то 20-уми майи соли 2017 дар шаҳри бостонии Кӯлоб II-юмин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ «гуштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидов баргузор гардид, ки дар он ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2000 аз тамоми мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқа 128 варзишгари ҷавон дар ҳайати 14 даста ҳунару маҳорати андӯхтаи худро дар риштаи варзиши гӯштини миллӣ нишон доданд.
Дастправарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» низ дар мусобиқаи мазкур иштироки фаъолона намуда, зинаи дуюми мусобиқаро соҳиб гаштанд. Варзишгарони дастаи Кӯлоб ҷойи аввал ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Варзишгарони ҷавони аъзои «Динамо» Шариф Назриев дар вазни 100 кило ва Олим Назриев дар вазни 60 кило ҷойҳои аввалро ба даст оварданд. Ҳамчунин, Ҷасур Гавҳаров дар вазни 80 кило, Ҷиён Ҳабибуллоев дар вазни 70 кило ва Зайналобиддин Ҳусейнов дар вазни 65 кило ҷойҳои сеюми мусобиқаро миёни ҳамсолони худ соҳиб гаштанд.
Бояд қайд намуд, ки дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» гуштини миллӣ яке аз риштаҳои варзиши пешрафта ба ҳисоб рафта, бо дастпарварону аъзоёни он мураббиёну мутахассисони соҳавию варзида машқу тамрин медиҳанд. Ин аст, ки динамочиён дар мусобиқаҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, ҷойҳои ғолибиятро ба даст меоранд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>