Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май «Рӯзи Дави миллӣ» баргузор мегардад, ки ин ташаббус бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ андешида мешавад.
Ин чорабинии оммавӣ ба истиқболи 23-юми май - Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон», рӯзи 21-юми майи соли равон дар саросари кишвар баргузор гардид. Аз ҷумла, дар пойтахти ҷумҳуриамон - шаҳри Душанбе низ ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ баргузор гардид, ки дар он дар баробари наврасону ҷавонон ва намояндагони соҳаҳои гуногун, инчунин шумораи зиёди кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ва омӯзгорону курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳам иштирок намуданд.
Масофаи «Дави миллӣ» дар пойтахт зиёда аз 10 километрро дар бар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардид ва иштирокчиёни он тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ бо ҳам сабқат карданд. Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар “Дави миллӣ” иштирок намуданд ва пас аз он аз соли 2007 “Дави миллӣ” ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қайд карда мешавад.
Бояд гуфт, ки рӯзи 20-уми май, ҳамчунин пойгаи велосипедронҳо ва ё веломарафон баргузор гардид, ки дар он низ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла омӯзгорону курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштироки фаъол намуданд.
У. ОЛИМ, Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>