Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бахшида ба «Рӯзи Ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи юнону румӣ байни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан» оғоз гардида, он тайи ду рӯз идома кард.
Имрӯз (18.05.с.2017), даври ниҳоии мусобиқа баргузор гардида, ғолибони он дар ҳар вазни худ муайян гардиданд.
Доварии мусобиқаи варзиширо доварони дараҷаи байналмилалӣ зери роҳбарии сардовар Олим Аланазаров ба уҳда доштанд. Қобили қайд аст, ки рақобати варзишгарон бо ҷӯшу хурӯш ва шавқи беандоза доир гардида, наврасону ҷавонон аз рафти он ба худ таассуроти хуб бардоштанд.
Ҳамин тариқ, баъди баҳодиҳии ҳунарнамоии гуштингирон аз ҷониби доварони мусобиқа ғолибон ба тариқи зайл муайян гардиданд:
Дар вазни 29 кило:
Ҷойи якум Абдуллоев Амонҷон аз дастаи «Хуҷанд»;
Ҷойи дуюм Пулатбеков Азамат аз дастаи «Қирғизистон»;
Ҷойҳои сеюм Ҳасанов Аминҷон ва Муҳаммади Хайём аз дастаи «Кӯлоб».
Дар вазни 32 кило:
Ҷойи якум Алимов Суҳроб аз дастаи «Динамо»;
Ҷойи дуюм Хоҷаев Баҳриддин аз дастаи «Хуҷанд»;
Ҷойҳои сеюм Исоев Меҳрубон аз мактаби №6 ш.Душанбе ва Юсупов Муҳаммадалӣ аз дастаи «Истаравшан».
Дар вазни 35 кило:
Ҷойи якум Худойбердиев Давлатҷон аз дастаи «Истаравшан»;
Ҷойи дуюм Ҷафархоҷаев Машраб аз дастаи «Динамо»;
Ҷойҳои сеюм Каримов Ҷаҳонгир аз мактаби №6 ш.Душанбе ва Муҳаммадзода Маҳмадшариф аз дастаи «Қубодиён».
Дар вазни 38 кило:
Ҷойи якум Ачилов Сиёвуш аз мактаби №6 ш.Душанбе
Ҷойи дуюм Мухторов Шаҳзод аз дастаи «Истаравшан»;
Ҷойҳои сеюм Яҳёев Муҳаммад аз дастаи «Истаравшан» ва Кадирбеков Нурмуҳаммад аз «Қубодиён».
Дар вазни 42 кило:
Ҷойи якум Абдуллоев Сунатулло аз дастаи «Кӯлоб»;
Ҷойи дуюм Камолов Азамат аз дастаи «Истаравшан»;
Ҷойҳои сеюм Киялбек уулу Нурислан аз дастаи «Қирғизистон» ва Раҳматов Абубакр аз дастаи «Кӯлоб».
Дар вазни 46 кило:
Ҷойи якум Азизов Аслам аз мактаби №6 шаҳри Душанбе;
Ҷойи дуюм Бобоев Ориф аз мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ;
Ҷойҳои сеюм Сафаров Муҳаммадикром аз мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ ва Раҳматзода Икром аз дастаи «Динамо».
Дар вазни 50 кило:
Ҷойи якум Тиллоев Фирдавс аз дастаи «Кӯлоб»;
Ҷойи дуюм Ниёзов Муҳаммадӣ аз «Истаравшан»;
Ҷойҳои сеюм Олимов Тоҳир аз дастаи «Кӯлоб» ва Нағзибеков Бахтиёр аз дастаи «Динамо».
Дар вазни 54 кило:
Ҷойи якум Асроров Бобоҷон аз дастаи «Истаравшан»;
Ҷойи дуюм Қурбонов Сорбон аз дастаи «Пайванд»-и шаҳри Душанбе;
Ҷойҳои сеюм Қобилов Улуғбек ва Раҳимбердиев Фозилҷон аз дастаи «Истаравшан».
Дар вазни 58 кило:
Ҷойи якум Ҷӯраев Алиҷон аз дастаи мактаби №6 шаҳри Душанбе;
Ҷойи дуюм Искандари Исмоналӣ аз дастаи Кӯлоб;
Ҷойҳои сеюм Маҳрамов Шариф аз мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ ва Мирпулатов Немат аз дастаи «Қазоқистон».
Дар вазни 63 кило:
Ҷойи якум Очилов Шероз аз дастаи «Истаравшан»;
Ҷойи дуюм Суюнбек уулу Таалайбек аз дастаи «Қирғизистон»;
Ҷойҳои сеюм Бобоқулов Азимҷон аз дастаи «Истаравшан» ва Ҳафизиддини Сафаралӣ аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ.
Дар вазни 69 кило:
Ҷойи якум Аюбов Ҷасур аз дастаи «Истаравшан»;
Ҷойи дуюм Нурзодаев Саидҷон аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ;
Ҷойҳои сеюм Қурбонов Муҳаммадсаид аз Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ ва Тошев Муҳаммадалӣ аз дастаи «Истаравшан».
Дар вазни 76 кило:
Ҷойи якум Саидзода Султон аз дастаи мактаби №6 шаҳри Душанбе;
Ҷойи дуюм Зокиров Умед аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ;
Ҷойҳои сеюм Расулов Рустамҷон аз дастаи «Истаравшан» ва Табаров Беҳрӯз аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ.
Дар вазни 85 кило:
Ҷойи якум Иноятов Ҳаким аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ;
Ҷойи дуюм Фазлиддини Ҷалол аз мактаби №6 шаҳри Душанбе;
Ҷойҳои сеюм Турдиев Сулҳиддин ва Юсупов Фирӯз аз «Истаравшан».
Дар вазни 100 кило:
Ҷойи якум Ҳасанов Муҳаммад аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ;
Ҷойи дуюм Шарифов Шаҳриёр ҳамчунин аз дастаи Мактаби махсуси олии варзишии захираҳои олимпӣ;
Ҷойҳои сеюм Тоҷибоев Давлат аз дастаи Истаравшан ва Абдусамади Аҳмадҷон аз дастаи «Динамо».
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Гуштини тарзи юнону румӣ», байни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан», ки аз 17-то 18-уми майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД доир гардид, дӯстию рафоқат, бародарию якдигарфаҳмӣ ва фазои сулҳу шукуфоии диёри ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизро барои ҳамагон бори дигар муаррифӣ намуд.
Хусрав Солиҳов, Рухшона Шукурова
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>