Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар ба шумор рафта, он ифодагари сулҳу дӯстӣ, таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқу миллатҳо мебошад. Ҳукумати кишвар баҳри рушду нумӯъ ёфтани соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар бунёд ва қомат афрохтани иншоотҳои варзишӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.
Имрӯз (17.05.с.2017), дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи байналмилалии «Гӯштини тарзи юнону румӣ» оғоз гардид. Миёни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан», ки тайи ду рӯз идома хоҳад ёфт, ҷиҳати иштирок беш аз 400 нафар варзишгарони наврасу ҷавони мактабҳои варзишии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва аксари минтақаҳои Тоҷикистон: вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.
Мусобиқаи мазкур ба муносибати «Рӯзи Ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 бахшида шуда, варзишгарони наврасу ҷавон қувва ва маҳорату тавоноии худро бори дигар дар назди мухлисону тамошобинони зиёд нишон доданд. Дар ин мусобиқа аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» 43 дастпарвари он ба майдони қувваозмоӣ баромаданд.
Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур тибқи талаботи коидаҳои байналмилалии гӯштини тарзи юнону румӣ гузаронида шуда, дар он варзишгарони наврасу ҷавони синну соли 2001-2003 (аз 29 то 38 кило) ва 2004-2005 (аз 42 то 100 кило), дар 14 вазн қувваозмоӣ менамоянд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалии «Гӯштини тарзи юнону румӣ» байни варзишгарони наврас намояндагони Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо», Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони соҳаи варзиши гӯштини тарзи юнону румии ҷумҳурӣ ва дигар меҳмонону мухлисон ширкат варзиданд.
Чорабиниро муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ифтитоҳ намуда, намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қиргизистонро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш ва муносибатҳои дӯстона изҳори миннатдорӣ кард.
Қайд гардид, ки гӯштини тарзи юнону румӣ миёни наврасону ҷавонон маҳбубияти зиёд дошта, сол то сол шумораи шавқмандони он зиёд мегардад.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ, ҳамчунин намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон Абдуқаюм Ахмедалиев ва Қирғизистон Эсен Масанов суханронӣ намуда, барои пазироӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани мусобиқаи байналмилалӣ изҳори миннадорӣ намуданд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои пешрафта ба самти варзиш эътибори васеъ дода, мекӯшад, то дастпарваронаш дар арсаи байналмилалӣ байрақи ин кишвари сулҳпарвару меҳмоннавозро боз ҳам баланд бардоранд. Танҳо дӯстию бародарӣ, сулҳу амонӣ метавонад ҳар яки моро ба қуллаҳои мурод расонад.
Дар идомаи ин чорабинӣ, аз ҷониби роҳбарияти ШҶ «Динамо» барои саҳм гузоштан дар самти ҳамкориҳои варзишӣ намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Гӯштини тарзи юнону румӣ» байни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» то 18-уми майи соли равон идома ёфта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Хусрав Солиҳов, Рухшона Шукурова
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>