Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот байни варзишгарони наврасу ҷавон

Ҳафати равон дар Маҷмаии варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон" мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди «Шашка» ва «Шоҳмот» байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонони аъзои дастаи «Динамо» зери унвони «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаҳо варзишгарони наврасу ҷавони тамоми бахшҳои варзишие, ки дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» фаъолият доранд, аз ҷумла футболбозону волейболистон, шиноварон, гуштингирони тарзҳои самбо, юнону румӣ, дзю-до, инчунин бокс ва кикбоксинг бо шавқу ҳавас ва талош барои ғолибият иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, варзишгарони зерин ғолиби мусобиқа гардиданд:
- аз намуди шашка миёни кӯдакон Зикриоллоҳ Маҳмадизода ҷойи якум, Ҳамроҳ Ҳасанзода ҷойи дуюм ва Сорбон Кароматуллозода ҷойи сеюм;
- аз намуди шашка миёни наврасон Шаҳром Ҳабибов зинаи аввал, Фарёди Фарҳод ҷойи дуюм ва Юнус Оев ҷойи сеюм;
- аз ҳамин намуди варзиш байни ҷавонон ҷойи аввал насиби Рамазон Рашидов, ҷойи дуввум Сафаралӣ Маҳмадиев ва соҳиби ҷойи сеюм Носир Самиев;

- аз намуди шоҳмот дар байни наврасон бошад, ҷойи якумро Билол Каримов соҳиб гашта, ҷойи дуюмро Иқбол Қосимов ва ду ҷойҳои сеюмро Бахтиёр Тоиров ва Муҳаммадҷони Фарҳод ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Х. Солиҳов  


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика