Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии гӯштингирони ҷавони «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини «Юнону-румӣ» байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2000, ки рӯзҳои 21-23 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баргузор гардид, дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, якчанд ҷойҳои ғолибиятро ба даст оварданд.

Мусобиқаи мазкур ба муносибати эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» ташкил гардида, дар он беш аз 200 нафар варзишгарони ҷавон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати 20 даста қувваю маҳорати худро дар назди мухлисону тамошобинони сершумор санҷиданд.
Аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 16 нафар варзишгароне, ки таҳти роҳбарии мураббиён: муовини аввали раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён А.Н. ва муҳандиси калони Шӯъбаи хизмат ва омодабошии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД подполковники хизмати дохилӣ Назаров Н.Ҳ. машқу тамрин менамоянд, иштирок намуда, 6 мақоми ғолибияти мусобиқаро соҳиб гаштанд.
Динамочиён: Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 50 кило, Муҳаммад Файзов дар вазни 55 кило ва Фаррух Муратов дар вазни 66 кило ҷойҳои якумро гирифта, инчунин Аламшо Камолов, Дилшод Нарзибеков дар вазни 60 кило ва Абдусамади Аҳмадзод дар вазни 120 кило ба ишғоли ҷойҳои сеюм мушарраф гардиданд.

Боиси зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати рушду нумӯи варзиш, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳайати шахсӣ ва варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ, дастгирии ҷавонону наврасони варзишгар таваҷҷӯҳи пайваста дошта, дар ташкил ва доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва иштироки варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Х. Солиҳов  


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика