Имрӯз (22.04.с.2017) дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишии гӯштини партерӣ (тарзи греплинг) миёни наврасони синнашон аз 7 то 14-сола баргузор гардид.
Муовини раиси Иттифоқи санъати муҳорибаи омехтаи Тоҷикистон Шамшод Эмомов зимни сӯҳбат қайд намуд, ки дар ин мусобиқа 5 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бо теъдоди 52 варзишгари наврас ширкат варзида, қувваю маҳорати худро дар ин риштаи варзиш санҷиданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастпарварони навраси ШҶ «Динамо» низ фаъолона иштирок намуда, аз 12 вазн, дар 8 вазни он ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 21 кило Фаромӯз Саъдуллоев ҷойи аввал ва Муҳаммад Саидов ҷойи дуюм, дар вазни 28 кило Раҳматҷони Аҳмад ҷойи якум ва Сабуров Аминҷон ҷойи дуюм, дар вазни 32 кило Манучеҳри Аҳмадзод ҷойи якум ва Акбаров Аҳлиддин ҷойи дуюм, дар вазни 36 кило Ёқубҷон Сафаров ҷойи якум, Муҳаммадҷони Ф. ҷойи дуюм ва Аминҷони Суҳроб ҷойи сеюм, дар вазни 40 кило Амир Пулатов ҷойи аввал, дар вазни беш аз 40 кило Муҳаммадҷон Имомов ҷойи аввал, дар вазни 45 кило Муҳаммади Залон ҷойи якум, Умедҷон Сайфуллозода ҷойи дуюм ва Яқубов Ибодулло ҷойи сеюм, дар вани 50 кило Саъдиҷон Қурбонов ҷойи аввал, Аминҷон Комилов ҷойи дуюм ва Муҳаммад Ҳомидов ҷойи сеюм, ҳамчунин дар вазни 55 кило Муҳаммад Назаров ҷойи аввал, Муҳаммад Амирхонов ҷойи дуюм ва Мусаввир Файзиев ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Мусобиқаи варзишии гӯштини партерӣ бо мақсади интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, дарёфти чеҳраҳои варзишӣ миёни насли наврас ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни онҳо, инчунин тарғиби ин намуди варзиш миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.
Партер (аз калимаи фаронсавии parterre — дар рӯи замин) — дар намудҳои гӯштини гуногун истифода мешавад, ки дар он яке аз гӯштингирон дар ҳолати дар рӯи замин пуштнокӣ, якпаҳлу, ба зону ва ғайра истода, муборизаро давом медиҳад. Ин намуди мусобиқа усул ва қоидаҳои худро дошта, аз варзишгар ҷидду ҷаҳд ва қувваи бештарро талаб мекунад. Дар рафти қувваозмоӣ ба ҳаракат ва истифодаи усулҳои гуногун, аз ҷумла партоиш баҳо дода мешавад.
Аз натиҷаи мусобиқа ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>