Дар Олимапиадаи намудҳои муҳорибавие, ки 8-9-уми апрели соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ки ду варзишгари наврасу ҷавони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, ки намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва 10 вилояти Федератсияи Россия иштирок доштанд, намояндагони Тоҷикистон дар сабқатҳои аз намуди самбои оддӣ, касбӣ ва самбои муҳорибавӣ дар байни наврасон ва калонсолон баромад намуда, дар вазни худ ҷойҳои якумро ишғол намуда, бо Ҷом, медал ва Диплом ба Ватан баргаштанд.
Ҳамин тариқ, динамочӣ Комрон Назаров дар вазни 68 кило дар ҳар се намуди сабқатҳо байни наврасони синну соли 1998-1999 ва калонсолони соли таваллуди 1997, инчунин Беҳрӯз Ҳалимов дар вазни 57 кило миёни наврасон ҷойҳои 1-умро ба даст оварда, соҳиби шаҳодатномаи устоди варзиши Федератсияи Россия гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки варзишгарони зикргардида, таҳти роҳбарии мураббии ШҶ «Динамо» аз намуди «самбои муҳорибавӣ», ваколатдори оперативии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Сиёвуш Шарипов машқу тамрин менамоянд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>