Санаи 19 апрели соли равон, бахшида ба «Соли ҷавонон» ва ҷашнгирии 72-юмин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар Варзишгоҳи машқӣ–таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳрӣ, мусобиқаи СХДО ВКД оид ба варзиши сабук дар байни ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонии Гарнизони шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Дар мусобиқа аз рӯи 6 намуди варзиши сабук: давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, эстафетаи шведӣ ва давидан ба масофаи 5 км 15-даста байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Натиҷаҳои баланди нишондодаи варзишгарон аз омодагии ҷиддӣ дидани ҳар як даста ба мусобиқа шаҳодат медод. Тавре дар суҳбат бо мо сардори Шуъбаи хизмат ва омодаги СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Холзода Хол Барот иброз намуд: «Роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СХДО ба сатҳи тайёрии ҷисмонии ҳар як корманди соҳа диқати ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланди тайёрии ҷисмонӣ қарор доштани кормандон ва рушду равнақи варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Зеро варзиш на танҳо ба солимии руҳу ҷисм, инчунин ба пешрафти кору фаъолият низ таъсири мусбат мерасонад».
Аз рӯи натиҷаҳои ба даст овардаи дастаҳо дар комёбиҳои умумидаставӣ ҷойи аввал ба дастаи Қисми махсуси минтақавии зудамали СХДО ВКД, ҷои дуюм ба дастаи Қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати КВД «ШАТ», ҷои сеюм ба дастаи Қисми 11-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Маркази таълимии СХДО ВКД сазовор дониста шуд.
Дар мусобиқаи СХДО ВКД оид ба варзиши сабук дар намуди давидан ба масофаи 100 метр ҷойи аввал ба аъзои дастаи қисми 1-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, муовини сардори қисм лейтенанти калони хизмати дохилӣ Ҷовиди Ҷамшед, ҷойи дуюм ба аъзои дастаи қисми махсуси минтақавии зудамали СХДО ВКД нозири калони тайёрии ҳарбӣ, лейтенанти калони хизмати дохилӣ Асрор Турдиев, ҷойи сеюм ба аъзои дастаи қисми 15-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ, оташнишони калони басти навбатдор, сержанти хизмати дохилӣ Ҳусниддин Холиқулов сазовор дониста шуд.
Дар мусобиқаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар намуди давидан ба масофаи 300 метр ҷойи аввалро аъзои дастаи қисми 2-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, оташнишони басти навбатдор, сержанти калони хизмати дохилӣ Маҳмадшариф Ҷабборов, ҷойи дуюмро аъзои дастаи қисми махсуси минтақавии зудамали СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оташнишони басти навбатдор, сержанти калони хизмати дохилӣ Мирзоаҳмад Сафаров, ҷойи сеюмро бошад аъзои дастаи қисми 17-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор, сардори басти навбатдор, лейтенанти калони хизмати дохилӣ Акмал Алимардонзода ишғол намуданд .
Дар мусобиқаи СХДО ВКД оид ба варзиши сабук дар намуди турниккашӣ ҷойи аввал ба аъзои дастаи қисми махсуси минтақавии зудамали СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оташнишони басти навбатдор, қатории хизмати дохилӣ Кароматулло Умаров, ҷойи дуюм ба аъзои дастаи қисми 2-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ронандаи басти навбатдор, прапоршики хизмати дохилӣ Ҷамшед Каримов, ҷойи сеюм ба аъзои дастаи қисми 13–уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода, ронандаи басти навбатдор, сержанти калони хизмати дохилӣ Анвар Рустамов сазовор дониста шуд.
Дар мусобиқаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар намуди ҷаҳидан ба дарозӣ ҷойи аввал ба аъзои дастаи қисми 1-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, муовини сардори қисм лейтенанти калони хизмати дохилӣ Ҷовиди Ҷамшед, ҷойи дуюм ба аъзои дастаи қисми 11-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Маркази таълимии СХДО ВКД, оташнишони басти навбатдор, сержанти хурди хизмати дохилӣ Дилшодҷон Абдуллоев, ҷойи сеюм ба аъзои дастаи қисми 15-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ, оташнишони калони басти навбатдор, сержанти хизмати дохилӣ Ҳусниддин Холиқулов сазовор дониста шуд.
Дар мусобиқаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар намуди эстафетаи шведӣ 800х 400х 200х 100х метр ҷойи аввал ба аъзоёни дастаи қисми 1-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати: Шамсов Д., Комилзода А., Ҷовиди Ҷ., Ғарибов Х.,ҷойи дуюм ба аъзоёни дастаи қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати КВД «ШАТ» дар ҳайати: Ҳокими М., Қараев М., Мардонзода М., Аслонов А., ҷойи сеюм ба аъзоёни дастаи қисми 47-ум оид ба муҳофизати ҶДММ «Бозори Корвон» дар ҳайати: Саидов Н., Афроимов С., Бобохоҷаев С. ва Муродов А. сазовор дониста шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорат дар шароити тантанавӣ, сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Холзода Хол Барот ва дигар шахсони масъули СХДО ВКД ба ғолибони мусобиқа «Ифтихорнома» ва тӯҳфаҳои қимматноки хотиравӣ тақдим намуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶумҳурииТоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>