Дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии мураббиёну мутахассисони таҷрибадори соҳа дастпарварони зиёди наврасу ҷавон ба машқу омӯзиши усулҳои муосири риштаҳои гуногуни варзиш машғуланд. Махсусан ба намудҳои гӯштини миллӣ, самбо ва дзю-до таваҷҷӯҳи варзишгарони аъзои Шӯро хоса буда, онҳо дар мусобиқаҳои зиёди дохил ва хориҷи кишвар фаъолона иштирок мекунанд.
8 – 9 апрели соли 2017, бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон намудани соли 2017 дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи Самбо байни наврасону ҷавонони синну соли 1999-2000 доир карда шуд.
Дар ин мусобиқа 15 даста бо теъдоди беш аз 200 нафар варзишгар иштирок намуда, дар 10 вазн қувваозмоӣ намуданд.
18 нафар варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мусобиқа ширкат намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 5 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гаштанд.
Дастпарварони «Динамо» дар вазнҳои зерин: дар вазни 48 кило Аминҷон Холов мақоми аввал, дар вазни 52 кило Сомон Сангов ҷойи аввал ва Абубакр Ашуров ҷойи дуюм, дар вазни 56 кило Давлатшо Давлатов мақоми аввал, дар вазни 60 кило Фирдавс Раҳматуллоев ва Файзиддин Тиллоев ҷойҳои сеюм, дар вазни 65 кило Ҷаҳонгир Авғонов ҷойи якум ва Шуҳрат Комилов ҷойи сеюм, дар вазни 70 кило Субҳиддин Шамсиддинов ҷойи дуюм, дар вазни 75 кило Абдурашид Абешов ҷойи дуюм, дар вазни 87 кило Вайсидин Соҳибов ҷойи аввал ва Бобоҷон Бобоев ҷойи сеюмро ба даст оварда ва ниҳоят дар вазни беш аз 87 кило Шарифҷон Назриев ҷойи аввали мусобиқаро ишғол намуд.
Ғолибон бо Ҷом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>