Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки динамочиён дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-до

7 – 9 апрели соли 2017 дар Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин бахшида ба Рӯзи Пойтахт бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи «Карате-до»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-до (WKF) баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур варзишгарон аз дастаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Аз натиҷаи ғолибияти варзишгарон дар ҳайати даставӣ варзишгарони Суғд ҷойи аввал, дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойи дуюм, дастаи Хатлон ҷойи сеюм ва Душанбе ҷойи чорумро сазовор гардиданд.
Боиси зикр аст, ки дар ин мусобиқа дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ ширкат варзида, якчанд ҷойҳои ғолибиятро ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, варзишгарон Шаропов Абдуваҳоб (дар вазни 68 кило) ва Расулҷони Муҳаммадҳоким (дар вазни беш аз 76 кило) ҷойҳои аввал, Шарифзода Меҳрубон (дар вазни 55 кило), Меҳрдоди Ҳисорӣ (дар вазни 76 кило) ва Зарифов Сафиуллоҳ мақомҳои дуюмро дар чемпионат соҳиб гаштанд.
Х.Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика