Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 5-6 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи гӯштини тарзи «Самбо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мактаби ҷумҳуриявии олии варзишӣ оид ба намуди гӯштин (Манеж)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гӯштини «Самбо» барои дарёфти ҷоизаи устоди шоистаи варзиш, мураббии хизматнишондода, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфии Вазорати корҳои дохилӣ Саймаҳмуд Маҳмарасулов баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 168 нафар варзишгар дар ҳайати 26 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи касбӣ ҷойҳои бештари ғолибиятро варзишгарони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ба даст оварда, мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқаро соҳиб гаштанд. Дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зинаи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, гӯштингирони тарзи «Самбо» дар ҳафт вазн ба майдон баромада, варзишгарони зерин ғолибият ба даст оварданд:
Дар вазни 57 кило:
Ҷойи якум Ҷомии Ҳасан аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ («Динамо»);
Ҷойи дуюм Ғоибзода Ҷамшед аз Вазорати мудофиа;
Ҷойҳои сеюм Исмонов Зариф аз Вазорати корҳои дохилӣ («Динамо») ва Маҳмадов Муҳаммад аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Дар вазни 62 кило:
Ҷойи якум Каримов Асрор аз дастаи Вазорати мудофиа;
Ҷойи дуюм Зайдуллоев Нуралӣ аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ;
Ҷойҳои сеюм Алиев Қамар ва Абдураҳмонов Сафар аз Вазорати мудофиа.
Дар вазни 68 кило:
Ҷойи якум Аюбзода Манучеҳр аз дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
Ҷойи дуюм Ғафуров Маҳмад аз Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
Ҷойҳои сеюм Асомуддинов Суҳроб аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Исмоилов Исмат аз Вазорати корҳои дохилӣ (ДТММ).
Дар вазни 74 кило:
Ҷойи якум Рамазонов Манучеҳр аз дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ;
Ҷойи дуюм Шарипов Ғайрат аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
Ҷойҳои сеюм Сайҳомиди Сайвалӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ (РҚД) ва Аламов Хусрав аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Дар вазни 82 кило:
Ҷойи якум Олимшоев Зафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
Ҷойи дуюм Меҳрнуши Изатулло аз Вазорати корҳои дохилӣ (Динамо);
Ҷойҳои сеюм Исматов Шуҳрат аз Вазорати мудофиа ва Мисоқов Аҳмад аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Дар вазни 90 кило:
Ҷойи якум Шарипов Раҳмихудо аз ноҳияи Рӯдакӣ;
Ҷойи дуюм Қурбонов Ҷамшед аз Вазорати корҳои дохилӣ (РҚД);
Ҷойҳои сеюм Зикирлоев Ғайрат аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Бердиев Майсад аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ.
Дар вазни 100 кило:
Ҷойи якум Сарфарозов Сарфароз аз Вазорати корҳои дохилӣ (ДТММ);
Ҷойи дуюм Хушбахтзода Сафар аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
Ҷойҳои сеюм Назриев Фурқат ва Тамрисоев Раҳмон аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Дар вазни беш аз 100 кило:
Ҷойи якум Сафаров Одил аз Вазорати корҳои дохилӣ («Динамо»);
Ҷойи дуюм Шарипов Хисрав аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
Ҷойҳои сеюм Абдурасулов Исмат аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Муҳаммадиев Суҳроб аз Вазорати корҳои дохилӣ (ДТММ).
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалу ифтихорнома, диплом ва тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида шуданд.
Х.Солиҳов, Т.Латипов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>