Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи мусобиқаи «Самбо» барои дарёфти ҷоизаи Саймаҳмуд Маҳмарасулов

Имрӯз (06.04.с.2017) дар толори Мактаби ҷумҳуриявии олии варзишӣ оид ба намуди гӯштин (Манеж)-и шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гӯштини «Самбо» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи устоди шоистаи варзиш, мураббии хизматнишондода, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймаҳмуд Маҳмарасулов доир гардид. 

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гӯштини тарзи «Самбо»-и ҷумҳурӣ, муассисаҳои олии кишвар, собиқадорони варзиш ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Зимни суханрониаш муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич қайд намуд, ки Саймаҳмуд Маҳмарасулов инсони комилу соҳибэҳтиром, кордону пуртаҷриба буда, зимни фаъолияташ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳо тамоми саъю кӯшиш ва қувваю маҳорати худро баҳри рушди варзиш, солимии ҷавонон, бахусус гӯштини намудҳои миллӣ, самбо ва дзюдо сарф намудааст. Имрӯзҳо низ, ӯ дар канор набуда, мисли ҳамешагӣ ба кори таълим машғул буда, баҳри солимии наслҳои оянда, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва такмили усулҳои нави варзиш саҳми худро мегузорад.
Дар идомаи маросими кушодашавӣ ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Хайриддин Идиев баромад намуда, дар бораи фаъолияти устоди варзиш Саймаҳмуд Маҳмарасулов, ки солҳои зииёд дар донишкадаи мазкур низ кор ва фаъолият намудааст, ибрози назар намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Мирзосафар Шамсиддинов ва дигар шахсиятҳое, ки бо Саймаҳмуд Маҳмарасулов дар ҳамкорӣ буданд, дар бораи фаъолияти арзишманди устоди варзида ва саҳми ӯ дар таълиму тарбияи шогирдон суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи варзишгарони наврас барои тамошобинон машқҳои намоишӣ иҷро карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гӯштини «Самбо» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи устоди шоистаи варзиш Саймаҳмуд Маҳмарасулов, ки тайи ду рӯз идома меёбад, 168 нафар варзишгар дар ҳайати 26 даста иштирок менамоянд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи гӯштини тарзи «Самбо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои ташвиқу тарғиби гӯштини «Самбо» ва рушду такомули минбаъдаи он дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ, таҳкими дӯстию рафоқат ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо равона гардидааст.
Аз рафти мусобиқаи мазкур иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов, Т.Латипов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика