Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо дар вилояти Суғд

Аз 31-уми март то 2-юми апрели соли равон, бахшида ба гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон, шодравон Саидмумин Раҳимов дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи самбо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2001 доир гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 15 нафар дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ зери роҳбарии мураббиён Хайрулло Назриев ва Зариф Назриев баромад намуда, 5 нафари онҳо дар вазнҳои худ ҷойҳои ғолибиятро ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, динамочиён: Ромиш Зоиров дар вазни 48 кило ҷойи аввал, Муродалӣ Ғайратбеков дар вазни 68 кило ҷойи дуюм, Алиҷон Маҳмадов дар вазни 83 кило мақоми сеюм, Меҳрубон Саидаҳмадов дар вазни 100 кило ҷойи сеюм ва Алӣ Саидов дар вазни беш аз 100 кило ҷойи дуюмро соҳиб гаштанд.

Ғолибони мусобиқа бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х.Солиҳов  


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика