Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо шиновардухтари «Динамо»

Имрӯз (05.04.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро варзишгари умедбахши дастаи «Динамо», шиновари машҳури ҷумҳурӣ Анастасия Тюринаро бо мураббиаш Екатерина Измайлова ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбати самимӣ Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки роҳбарияти Вазорат ҷиҳати рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷӯҳи хоса дошта, аз варзишгарони ҷумҳурӣ, ки обрӯи мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонанд, ифтихор дорад. Маҳз саъю кӯшиш, истодагарӣ ва азму иродаи қавӣ ба варзишгарон имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дастболо гарданд.
Хурсандибахш аст, ки имрӯзҳо дар Маҷмаии варзишии ШҶ «Динамо» барои машқу тамрини варзишгарони риштаи шиноварӣ низ шароитҳои мусоид муҳайё гардида, сол то сол шумораи дастпарварони он бо заҳматҳои мураббиёну мутахассисони соҳа зиёд мегардад. Ин бешак ба тарғиби варзиш ва интихоби ҳаёти солим дар ҷомеа боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Варзишгар Тюрина Анастасия Александровна, соли таваллудаш 2001, иштирокчии Олимпиадаи соли 2016 дар Бразилия буда, тайи се соле, ки аъзои дастаи «Динамо» аст, яъне аз соли 2014 инҷониб чемпиони мутлақи ҷумҳурӣ дар шиноварии намуди озод ба масофаи 50 метр мебошад. Дар мусобиқаҳои идоравӣ низ чандин маротиба музаффарият ба даст оварда, соҳиби медалу ифтихорномаҳои бешумор гардидааст.
Анастасия Тюрина дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» дар якҷоягӣ бо дигар варзишгарон таҳти дастпарварии мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ, се карат иштирокчии бозиҳои Олимпӣ Измайлова Екатерина Игорьевна машқу тамрин менамояд.
Ба варзишгари ҷавону умедбахш Анастасия Тюрина барои фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ комёбию муваффақиятҳо таманно менамоем.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика