Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо

25-26 марти соли 2017, бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Самбои ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз» дар толори Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии олии варзишии гӯштин (Манеж)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи самбо баргузор гардид.

Беш аз 150 нафар варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ,намояндагони мактабҳои варзишӣ ва ташкилоту идораҳо ҳунару маҳорати худро дар ин риштаи варзиш нишон доданд.
Дар ин мусобиқа 12 нафар варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ баромад намуда, 8 нафари онҳо дар вазнҳои худ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Самбочиён: Зафар Олимшоев дар вазни 82 кило ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 68 кило мақомҳои аввал, Сарфароз Сарфарозов дар вазни беш аз 100 кило, Меҳрнуши Иззат дар вазни 82 кило, Сорбон Латипов дар вазни 62 кило ва Бобоҷон Зоиров дар вазни 57 кило зинаҳои дуюм, инчунин Умедҷон Раҳматов дар вазни беш аз 100 кило ва Саидислом Назриев дар вазни 57 кило ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.

Аз натиҷаи мусобиқа ба варзишгарони ғолиб медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷӯҳи хоса дошта, дар ин самт тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ба варзишгарону кормандон ва дигар хоҳишмандон барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, ба дастпарварон мураббиёну мутахассисони кордидаи соҳа таълим медиҳанд.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика