Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойҳои ғолибияти гӯштингирони Динамо дар чорабиниҳои наврӯзӣ

127

Бахшида ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос қайд карда шуда истодаанд. Зимни таҷлили ин ҷашнвора, чун анъана, миёни паҳлавонон гӯштини миллӣ доир карда мешавад, ки варзишгарону мухлисони зиёдеро ба худ ҷалб месозад.
Варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳамасола дар чунин мусобиқаҳои гӯштингирӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои ғолибият ва ифтихориро ба даст меоранд. Такмили маҳорат ва омодагии доимӣ ба кормандону варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки онҳо ҳунарнамоии хуб нишон дода, дили мухлисони худро тасхир намоянд.

Ҳамин тариқ, 17-18 марти соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Наврӯзи байналмиллалӣ мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ доир гардид, ки дар он беш аз 200 нафар паҳлавонон барои қувваозмоӣ ҷамъ омаданд. Дар ин мусобиқа 5 нафар аъзои ШҶ «Динамо» ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, аз он ҷумла: Фурқат Назриев дар вазни 100 кило ва Исфандиёри Хайриддин дар вазни 90 кило ҷойҳои якум, Фирдавсӣ Ҳайбуллоев дар вазни 90 кило мақоми дуюм, Алидод Раупов дар вазни беш аз 100 кило ва Рамазон Сафаров дар вазни 80 килограмм ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.
Дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявие, ки рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, ҳамчунин чор нафар варзишгари дастаи «Динамо» дастболо гардиданд. Акмалиддин Муродов дар вазни 60 кило ҷойи якум, Сайҷамол Саидов дар вазни беш аз 80 кило ва Зайналобиддин Аъзам дар вазни 90 кило ҷойҳои дуюмро ишғол намуда, Ҷамшед Қурбонов дар вазни 80 кило мақоми сеюми мусобиқаро соҳиб гашт.
23-юми марти соли 2017 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2017» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ низ, беҳтарин варзишгарону паҳлавонони кишвар ҷамъ омада буданд. Тӯҳфаи асосии мусобиқа мошини сабукрав гузошта шуда буд.


Дар мусобиқаи мазкур варзишгари аъзои ШҶ «Динамо»-и ВКД Саидҷалол Саидов тавонист дар вазни беш аз 80 кило ғолибиятро ба даст оварда, шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес»-ро соҳиб шавад. Ҳамчунин, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 80 кило мақоми аввалро ишғол намуда, маблағи пулии 10 ҳазор сомониро ба даст овард. Баҳодур Ҳалимов дар вазни 65 кило мақоми дуюмро аз худ намуда, сазовори маблағи 3 ҳазор сомонӣ гардид. Ҷамшед Қурбонов бошад, дар вазни 80 кило бо ишғоли ҷойи сеюм соҳиби маблағи 700 сомонӣ гашт.

Дар чорабиниҳои ноҳияи Ҳисор Суҳроб Маҳмадиев дар вазни беш аз 90 кило дастболо гардид, дар шаҳри Қурғонтеппа Фирдавс Насимов дар вазни беш аз 100 кило ва Ҷумахон Назриев дар вазни то 80 кило ғолиб омаданд ва соҳиби тӯҳфаю маблағҳои калони пулӣ гардиданд. Аъзои дигари Динамо Сайҷамол Алимардонов дар ноҳияи Данғара соҳиби шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрав гардид.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фарҳод Сафаралиев дар рақобатҳои миёни паҳлавонони вазни то 80 кило ғолиби шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрав эълон гардид. Аъзои дигари ШҶ «Динамо» Суҳроб Маҳмадиев бошад, миёни рақибони худ дар вазни беш аз 80 кило дастболо шуда, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.
Ҳамчунин, дар наврӯзии ноҳияи Шаҳринав Шерзод Шайхов бо намояндаи Ҷумҳурии Узбекистон ба майдон баромада, аз натиҷаи ғолибият сазовори тӯҳфаи асосии чорабинӣ гашт. Ҳамин тавр, Суҳроб Маҳмадиев дар чорабинии гӯштини миллии ноҳияи Шаҳритӯс ғолиб омада, бо мукофотпулӣ ва тӯҳфаи қимматнок қадрдонӣ шуд.

Ногуфта намонад, ки варзишгарони аъзои ШҶ «Динамо» чанде пеш, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи дзюдо, ки (аз 10-ум то 14-уми марти соли 2017) дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ гузаронида шуд, қувваозмоӣ намуда, миёни 349 иштирокчӣ чандин ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар вазни 60 кило Суҳроб Боқиев ҷои аввал, Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кило ҷои дуюм, Ҷамшед Қурбонов дар вазни 81 кило мақоми якум ва Одил Сафаров дар вазни беш аз 100 кило ҷои дуюмро соҳиб гардиданд.
Х. Солиҳов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика