Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар варзишгоҳи марказии ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бахшида ба Соли чавонон ва Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии варзишӣ аз рӯи намуди гуштини миллӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 150 нафар паҳлавонони варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва роҳбарияти ШВКД-2 дар шаҳри Исфара иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ нахуст муовини сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара подполковники милитсия Парпиев Солиҷон суханронӣ намуда, кулли иштирокдоронро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, баргузории чунин мусобиқаро дар Соли ҷавонон иқдоми нек арзёбӣ кард.
Дар чорабинӣ наздики 3 ҳазор нафар тамошобинон - сокинони шаҳри Исфара ва дигар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Мусобиқаи гуштини миллӣ бо дуои пирони рӯзгордида ва гуштингирон - паҳлавонони кӯҳансол огоз гардид. Баъдан наздики 40 нафар наврасон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа бо шавқу шӯр баргузор гардида, баъди рақобати зиёд дар якчанд вазн ғолибон муайян гардиданд. Нозири Гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ШВКД-2 дар шаҳри Исфара, лейтенанти милитсия Аюбхонзода Фатҳиддин ғолиби мусобиқа эълон карда шуда, сазовори Шоҳҷоиза - як адади бузи кӯҳӣ гардид.
Ба ғолибон телевизори ранга, қолин ва дигар тӯҳфаҳои қимматнок тақдим карда шуд.
Муҳсин Юсупов, Фирдавс Хоҷаев, аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>