Дар арафаи фарорасии ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» ва сазовор пешвоз гирифтани ин иди аҷдодӣ аз ҷониби ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД як қатор чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардида истодаанд.
Аз ҷумла, санаи 14 – 15-уми марти соли 2017 дар варзишгоҳи машқӣ - таълимии СХДО ВКД мусобиқаи волейбол дар байни ҷузъу томҳои ХДО гарнизони Душанбе баргузор гардид.
Дар мусобиқа 16 дастаи мунтахаби оташнишонон байни худ қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқаи волейбол хеле ҷолиб ва хотирмон ҷараён гирифт, зеро ҳар як даста ба ин мусобиқа таёрии ҷиддӣ дида буданд. Ҳангоми бозӣ ҳар як варзишгар бо таёрии ҷисмонии хуб ва маҳорати баланди варзишии хеш мухлисону тамошобинонро шод намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои бадастоварда, доварони мусобиқа ҷойи 1-умро ба Қисми Мустақили - 25 ХҲДО «НБО Роғун», ҷойи 2-юм ба Қисми Мустақили - 17 ХҲДО шаҳри Ҳисор ва ҷойи 3-юмро ба Қисми Мустақили – 13 ХҲДО шаҳри Турсузода сазовор донистанд.
Дар анҷоми чорабиниии варзишӣ аз ҷониби мовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Салоҳиддинзода Қутфиддин Садриддин ба дастаҳои ҷойҳои ифтихориро ишғолнамуда ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо супорида шуданд. Чунин чорабиниҳои варзишӣ дар тамоми ҷузъу томҳои СХДО ВКД мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида идома доранд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>