Имрӯз, дар варзишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дастаи «Динамо»-и ВКД дар бозии рафиқонаи футболи хурд бо дастаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуд.
Қисмати аввали бозӣ бо ҳисоби 7 бар 3 ба фоидаи дастаи «Динамо» ба анҷом расид. Дар қисмати дуюм низ динамочиён таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ фаъолнокӣ нишон дода, дастаи харифро мағлуб сохтанд.
Қобили зикр аст, ки дар бозии мазкур варзишгарони ҳар ду даста ҳам фаъолона ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди футболбозӣ нишон доданд.
Бозии футболи рафиқонаи имрӯза дар доираи сафари корӣ ва ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардида, баҳри тарғиби ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими дӯстию рафоқат равона гардидааст.
Айни ҳол сафари кории Вазири корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд идома дошта, аз рафти он иловатан маълумот медиҳем.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>