Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозии дӯстонаи футбол бахшида ба «Соли ҷавонон»

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва арафаи таҷлили Наврӯзи Аҷам дар доираи сафари корӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бозии дӯстонаи футболи хурд байни дастаҳои «Динамо»-и ВКД ва «Эсхата»-и Бонки Эсхата таҳти шиори «Ҷавонон нерӯи созанда» дар варзишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи наврӯзии мазкур тими «Динамо»-ро варзишгарони ин шӯрои варзишии ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, ҳайати дастаи «Эсхата»-ро бошад як қатор ҷавонони болаёқат, ки дастаро дар чандин мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ба пирӯзӣ ноил гардонидаанд, муаррифӣ намуданд.
Дар бозии мазкур варзишгарони ҳар ду даста фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Рафти мусобиқа нишон дод, ки аъзоёни дастаи «Динамо»-и ВКД пешсафиро ба даст гирифта, дар қисмати аввал ба дарвозаи ҳариф 6 гол ворид намуданд. Ҳамчунин дар ин қисмат футболбозони дастаи «Эсхата» ба дарвозаи меҳмонон 3 гол ворид намуданд.
Дар қисмати дуввуми мусобиқаи дӯстона низ бозингарони дастаи «Динамо» пешсафиро аз даст надода, ғолибиятро ба даст оварданд.

Дар натиҷа бозии дӯстона ба фоидаи дастаи «Динамо»-и ВКД ба анҷом расид.
Айни ҳол сафари кории Вазири корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд идома дошта, аз ҷараёни он иловатан маълумот медиҳем.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика