Дар доираи мусобиқаҳои варзишии бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан», имрӯз, дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ШҶ «Динамо» мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди «сангбардорӣ» байни Сарраёсат, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 15 даста бо теъдоди 59 варзишгар фаъолона иштирок намуда, варзишгарон дар 5 вазн қувваю маҳорати сангбардории худро санҷиданд.
Тибқи қоида ҳар як варзишгар дар вазни худ; маротибаи аввал ду санги 24 килограммаро бо ду даст ва дафъаи дуюм як санги онро бо як даст бардоштанд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 60 кило намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО) Ҷамшед Каримов ҷойи аввал, Фирӯз Мирзомадов аз Академияи ВКД зинаи дуюм ва Баҳовудин Давлатов – корманди БММ «Интерпол» мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар вазни 70 кило Неъматулло Розиқов аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҷойи якумро ба даст оварда, ҷойи дуюм насиби Сангалии Ализода аз дастаи СХДО гашта, мақоми сеюм ба Муҳаммад Гадоев хизматчии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ мушарраф гардид.
Дар вазни 80 кило намояндаи СХДО Неъматулло Таваров ҷойи якумро ишғол намуда, Раҳматшои Абдураҳим аз дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил Ҷамшед Ғаниев мақоми сеюмро соҳиб гаштанд.
Намояндаи дигари дастаи СХДО Солеҳ Давлатзода дар вазни 90 килограмм нисбат ба дигар варзишгарони ин вазн бештар санг бардошта, сазовори ҷойи аввал гардида, Шарофиддини Шамсулло аз дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ мақоми дуввум ва Манучеҳр Неъматов аз Академияи ВКД зинаи сеюмро мутаносибан ба даст оварданд.
Ниҳоят дар вазни 100 кило ва беш аз он варзишгари СХДО Алиҷон Амирқулов, ки маҳорати хуби сангбардориашро нишон дода тавонист, ҷойи аввалро соҳиб гашт, Эраҷ Наимов аз дастаи Раёсати кофтукови ҷиноятӣ мақоми дуюм ва Бахтиёр Холиқов аз дастаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Пас аз ҳисоби ғолибияти бештари варзишгарони дастаҳои иштирокчӣ дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ соҳиби ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа гашта, дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар зинаи дуюм ва варзишгаронии дастаи Академияи ВКД дар мавқеи сеюм истоданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба варзишгарон ва намояндагони дастаҳои ғолиби мусобиқа Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>