Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи Академияи ВКД – ғолиби мусобиқаи волейбол

Дар мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ аз намуди «Волейбол», ки аз 10-уми март то инҷониб дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» идома дошт, варзишгарони дастаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омаданд. 

Имрӯз, дар даври нимниҳоии мусобиқаи мазкур, ки дар он 16 дастаи Сарраёсат, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чор гурӯҳ байни ҳам бозӣ намуданд, баргузор гардид.

Нахуст, барои ишғоли ҷойи сеюм дастаҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳам вохӯрданд. Дар ин бозӣ варзишгарони дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбатан фаъол буданд, ин буд, ки онҳо бо боварии комил дастаи ҳарифро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохта, сазовори мақоми сеюм гардиданд.
Сипас, ду дастаи нисбатан пурқуввати мусобиқа – Академияи ВКД ва Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ба майдон баромада, барои ба даст овардани мақоми аввал маҳорати волейболбозии худро дар назди мухлисони бешумор нишон доданд. Гарчанде, дар ҳар як қисмати бозӣ ҳис мешуд, ки қувваи бозингарони ҳар ду даста бо ҳам баробаранд, вале волейболбозони дастаи Академияи ВКД зери роҳбарии капитани даста Муҳиб Латипов тавонистанд бо ҳисоби 3:0 дастаи ҳарифро мағлуб сохта, ғолиби мусобиқа эълон гарданд.
Мусобиқа дар сатҳи баланд ва бо лаҳзаҳои хотирмон доир гардида, хотири тамошобинону ҳаводорони ин риштаи варзишро шод гардонид.

Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур дар доираи силсиламусобиқаҳо бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан» баргузор гардида, ҳадаф аз он обутоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ, тарғибу ташвиқи варзиш миёни ҷавонон ва тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар охир ба дастаҳои ғолиби мусобиқа Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика