Варзиш маънои нерӯмандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани ватанро дорад. Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамин аст, ки мақомоти қудратии мамлакат рӯз то рӯз ба соҳаи варзиш диққати махсус дода, гузаронидани чорабиниҳои варзиширо дар қаламрави кишвар зиёд намуда истодаанд.
Дар толори марказии варзишии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти мусобиқаи варзишии намуди «волейбол» барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Варзиш солимии ҷомеа” баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур аз 10-ум то 20-уми феврали соли ҷорӣ сурат гирифта, дар он 10 даста бо ҳам сабқат намуда, бозии хуб нишон доданд.
Ҳамин тариқ, ғолибони мусобиқа муайян гардида, ҷойи аввалро дастаи волейболбозони Вазорати мудофиа ишғол намуда, ҷойи дуюм насиби дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Зинаи сеюми мусобиқаро намояндагони дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соҳиб гаштанд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки Муҳиб Латипов, капитани дастаи "Динамо" бозингари беҳтарини мусобиқа эълон гардида, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.
Т. Латифов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>