Аз 30 январ то 11 феврал дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ ва ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа» мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 24 даста аз ҳисоби шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок намуда, байни ҳам сабқат карданд.
Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба варзиш, дарёфти варзишгарони беҳтарин ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳо байни дигар сохторҳои низомиву қудратӣ дар минтақа ва ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқа аъзоёни дастаҳо маҳорати баланди варзишии худро нишон доданд.
Мусобиқа аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида, ки Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд тартиб додааст, бо доварии устодони варзиш ҷараён гирифта дастаҳои беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳои РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар шаҳри Бӯстон ҳамчун ду дастаи ғолиб дар даври ниҳоӣ байни ҳам рақобат намуданд. Қувваозмоӣ байни ҳарду даста ҷолибу тезутунд идома ёфта футболбозони дастаи Раёсат ҳарифони худро бо ҳисоби 4 : 3 мағлуб карда зинаи ифтихорӣ - ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқаро соҳиб шуданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Назарзода Ш.Р., иштирок ва суханрони намуда, мавқеъи варзишро дар фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ муҳим арзёбӣ кард ва таъкид дошт, ки эътироф шудани варзиш ҳамчун нигоҳдорандаи саломатӣ беҳуда нест. Зеро ҳар нафари ба варзиш машғулшаванда рӯҳану ҷисман солим мебошад.
Дар хотима ба ғолибону ҷоизадорон Ҷом ва медалу Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Ҳамчунин футболбозони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар вилояти Суғд ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар вилоят, ки ду мақоми сеюмро ишғол намуданд соҳиби медалу Ифтихорнома гаштанд.
Дарвозабон, ҳимоятгар, ҳамлагар ва бозингари беҳтарини мусобиқа низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баргузории ин чорабинии варзишӣ, ки мутобиқи дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ байни зерсохторҳо ва ҷузъу томҳои ВКД баргузор карда шуд, шаҳодатгари он буд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба варзиш шавқи беандоза доранд. Зеро машғул шудан ба варзиш ба фаъолияти хизматии мақомот алоқамандии зич дошта, барои чолокию ҷасурӣ ва обутоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ таъсири хуб мегузорад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>