Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайқали зеҳн аз шашкаю шоҳмот аст!

10-уми феврали соли 2017 дар толори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти шиори «Ҷавонон - нерӯи созанда» баргузор гардид.


Зимни баргузории ин мусобиқа қайд карда шуд, ки шоҳмот яке аз бозиҳои қадимаи мардум ба ҳисоб рафта, асосан барои сайқал додани қобилияти зеҳнӣ ва мубориз бурдан дар ҳаёт нақши муҳим дорад.
Мусобиқаи мазкур байни мардон ва занон сурат гирифта, дар он зиёда аз 100 варзишгар иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи шашка байни мардон Тоҷиддин Сафарализода аз Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД сазовори ҷойи аввал, Илҳомҷон Табаров - намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар зинаи дуюм, Наврӯз Оев ҷойи сеюм ва Сарфароз Сарфарозов аз ДТММ мақоми чорумро соҳиб гардиданд.
Байни занҳо бошад, Матлуба Каримова аз Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД ҷойи аввал, Саодат Баҳромова аз ШВКД дар ноҳияи Варзоб ҷойи дуюм ва Парвинаи Саидмурод донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардон Мирзо Шерматов аз РМЗҶМ ВКД дар ҷойи аввал ва Ҷӯрабек Паҳлавонов аз ҳамин раёсат дар зинаи дуюм ва ғолиби ҷойи сеюм бошад, Худойназар Асоев аз Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД дониста шуд. Сазовори ҷойи чорум Башир Алишеров аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД гардид.
Байни занҳо дар намуди шоҳмот Сайҳуна Саидова донишҷӯи ДМТ сазовори ҷойи аввал, Савримоҳ Булхайрова - намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷойи дуюм ва Анжела Авғонова аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойи семро соҳиб шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ғолиби ифтихории мусобиқа Сайҳуна Саидова, донишҷӯи курси 3-юми факултаи молиявию иқтисодии ДМТ буда, аз соли 2011 инҷониб дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди шоҳмот иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Сайҳуна дар мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе, ки байни бонувон соли 2012 баргузор гардида буд, ҳамчунин соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд дар ин намуди варзиш муваффақ гардидааст. Ӯ шоҳмотро яке аз бозиҳои мафкуравӣ ҳисобида, шуғли дӯстдоштаи худ медонад.
Дар хотима муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, майори милитсия Аслиддин Шоҳиён ба ғолибон медалу Ифтихорнома ва «Ҷом»-и мусобиқаро супорид.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика